نشرات زنده
فارسی English عربي
129
-
الف
+

Шеъри Мавлоно дар оинаи овози се сарзамин

Мавлоно танҳо номе дар таърихи шеъри форсӣ нест; шеъри ӯ ҳанӯз ҳам хондаву шунида мешавад

Шеъри Мавлоно садсолаҳо пас аз эҷод шуданаш ҳанӯз ҳам дар гӯш ва забони форсизабонон зинда аст; гоҳе дар қолаби ғазалу маснавӣ ва гоҳе дар садои сарояндагоне, ки ашъори ӯро бо мусиқии имрӯз мепайванданд.

Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Балхӣ, аз маъруфтарин шоирону орифони забони форсӣ, танҳо чеҳрае аз гузашта нест. Шеъри ӯ дар тӯли садсолаҳо аз марзҳои ҷуғрофӣ гузашта, дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва дигар минтақаҳои форсизабон ҳамоно бахше аз мероси муштараки фарҳангиву адабӣ ба шумор меравад.

Забон ва андешаи Мавлоно, бахусус дар ғазалҳои «Девони Шамс», бо мафҳумҳое чун ишқ, фироқ, раҳоӣ ва ҷустуҷӯи ҳақиқат, наслҳои гуногунро ҳамроҳ кардааст.

Ин пойдорӣ дар мусиқӣ низ ба равшанӣ дида мешавад; ҷое ки байтҳои Мавлоно аз саҳифаҳои китоб берун омада, ба оҳангу овоз табдил ёфтаанд. Аз мусиқии муосири Эрон то сурудҳои Афғонистон ва мусиқии суннатии Тоҷикистон, ҳунармандони зиёде кӯшидаанд ашъори ин шоири бузургро бо садои худ ба насли имрӯз расонанд.

Се суруд аз се сарзамини форсизабон намунаи шунидании ҳамин пайванди деринаанд.

Тоҷикистон; «Девона шав» бо садои Давлатманд Холов

Дар Тоҷикистон; сарзамине, ки шеъри форсӣ ва мусиқии суннатӣ дар он пайванди дерина доранд, номи Давлатманд Холов ҷойгоҳи вижа дорад.

Ин ҳунарманди шинохтаи тоҷик аз чеҳраҳои барҷастаи мусиқии суннатии Тоҷикистон буд ва дар осораш борҳо ба ашъори шоирони классик ва муосири форсизабон рӯ овардааст.

Яке аз намунаҳои маъруфи ин пайванд суруди «Девона шав» аст; асаре, ки шеъри Мавлоноро бо мусиқӣ ва овози тоҷикӣ ҳамоҳанг мекунад.

Садои гарму услуби хоси иҷрои Давлатманд Холов дар ин суруд, шеъри классикии форсиро ба мусиқии тоҷикӣ пайванд дода, нишон медиҳад, ки мероси Мавлоно чӣ гуна метавонад дар қолабҳои гуногуни мусиқӣ зинда бимонад.

Пас, агар мехоҳед садои шеъри Мавлоноро дар мусиқии Тоҷикистон бишнавед, «Девона шав»-и Давлатманд Холовро гӯш кунед; садое, ки бахше аз пайванди деринаи шеъри форсӣ ва мусиқии тоҷикиро бо худ ҳамроҳ дорад.

«Зиндон» бо садои Муҳсин Човушӣ

Дар Эрон, Муҳсин Човушӣ аз чеҳраҳои маъруфи мусиқии муосир аст, ки бахше аз ашъори Мавлоноро дар қолабе дигар ва имрӯзӣ иҷро кардааст. Суруд «Зиндон» бар асоси шеъри Мавлоно сохта шуда, байтҳое аз ғазали маъруфи «Бимиред, бимиред, дар ин ишқ бимиред»-ро ба гӯши шунавандаи имрӯз расонидааст.

«Зиндон» бо ҳамон мафҳумҳои ошнои шеъри Мавлоно, яъне раҳоӣ аз банд ва гузаштан аз хештан, фазои дигареро аз иҷроҳои классикии шеъри ирфонӣ ба вуҷуд меорад. Дар ин ҷо шеъри садсолаҳои пешини Мавлоно бо мусиқии муосир ҳамроҳ мешавад, то бори дигар нишон диҳад, ки миёни шеъри классикӣ ва шунавандаи имрӯз ҳатман фосилаи бузурге вуҷуд надорад.

Агар мехоҳед Мавлоноро бо садои дигар ва дар фазои мусиқии имрӯз бишнавед, «Зиндон»-и Муҳсин Човуширо аз даст надиҳед.

«Дили ман» бо садои Забеҳ Ҳидоят

Дар Афғонистон шеъри Мавлоно дар мусиқӣ ҷойгоҳи хос дорад. Забеҳ Ҳидоят, овозхони афғон, аз ҷумлаи ҳунармандоне аст, ки ашъори ирфонии Мавлоноро бозхонӣ кардааст.

Ӯ дар барномаи «Навоанг»-и Айфилм2 суруди «Дили ман»-ро иҷро кардааст; асаре бар асоси ғазали Мавлоно, ки бо мисраи «Қасди ҷафоҳо накунӣ, вар бикунӣ бо дили ман» оғоз мешавад.

Ин ғазал дар «Девони Шамс»-и Мавлоно бо рақами 1818 сабт шудааст ва саршор аз ҳамон шӯри ошиқона ва орифонаест, ки бахши муҳими ғазалҳои Мавлоноро ташкил медиҳад.

Агар мехоҳед яке аз ғазалҳои ошиқонаи Мавлоноро бо садои як овозхони афғон бишнавед, «Дили ман»-и Забеҳ Ҳидоят интихоби шуниданист.

Як шоир, се овоз, се сарзамин

Аз Муҳсин Човушӣ дар Эрон то Забеҳ Ҳидоят дар Афғонистон ва Давлатманд Холов дар Тоҷикистон, роҳи ин се суруд гуногун аст; аммо нуқтаи оғозашон як аст: шеъри Мавлоно.

Шоире, ки садсолаҳо пеш шеър гуфтааст, имрӯз ҳам тавассути китоб, созу овоз ва иҷрои ҳунармандони кишварҳои гуногун ба наслҳои нав мерасад.

Марзҳо тағйир ёфтаанд, равишҳои мусиқӣ дигар шудаанд ва наслҳо омадаву рафтаанд; аммо шеъри Мавлоно ҳамоно роҳи худро аз китоб ба овоз ва аз гузашта ба имрӯз пайдо мекунад.

Ба муносибати Рӯзи бузургдошти Мавлоно, ин се садоро бишнавем; се ривояти мусиқӣ аз шоире, ки шеъраш ҳанӯз дар ҷаҳони форсизабон зинда аст.

نظر شما
ارسال نظر